Фурудгоҳи Внуково ба номи Туполев – аз ҷиҳати вусъат дар Москва ҷои сеюмро ишғол менамоял, аммо онро асосӣ номидан мумкин, зеро маҳз аз ин бандар дар аксари вақт сарвари давлат, аъзоёни ҳукумат, соҳибкорони калонтарини кишвар ва дигар мусофирони VIP парвоз мекунанд. Ҳамчунин, ба ин ҷо аз ҳама зиёд меҳмонони олимақоми дигар давлатҳо меоянд. Дар бандар ду терминале, ки ҷиддан барои рейсҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шудаанд, як аэровокзали калон – барои сайёҳони одатӣ ва маҷмаъи боркашӣ вуҷуд доранд.

Ҷараёни солонаи мусофирон дар бандари ҳавоӣ тахминан аз 22 миллион нафар иборат мебошад. Дар ин ҷо ду хати парвозу фурудоие қарор доранд, ки дарозии онҳо қабулу фиристониши бемонеаи киштиҳои калони ҳавопаймоиро имконият медиҳад. Фурудгоҳи Внуково, ки дар он ҷо терминали байналмилалӣ мавҷуд аст, ба дигар континентҳо, минҷумла тавассути ҳавопаймои хусусӣ, парвоз карданро мусоидат менамояд.

Бо тезӣ тартиб додани рейси индивидуалӣ

Ҳавопаймои хусусиро дар ҳар лаҳза фармоиш додан мумкин. Барои ин мақсад шуморо зарур аст, ки ба маркази авиатсионии байналмилалии AVIAV TM (Cofrance SARL), ки бо он фурудгоҳи Внуково муддати солҳои бисёр ҳамкорӣ мекунад, муроҷиат намоед. Намояндаи расмии маркази ҳавопаймоӣ рейсро брон мекунад, интихоб кардани ҷети тиҷоратиро кӯмак мерасонад ва парвозро «аз ибтидо то интиҳо» ташкил менамояд.

Фармоиши рейси индивидуалиро дар сомонаи мазкур тартиб додан мумкин, ба ин хотир шакли мазкурро пур кунед ё ҳамту хоҳишҳои хешро дар оинаи чат гузоред. Ба сифати нуқтаи фирист фурудгоҳи Внуково-ро интихоб бояд кард. Бронкунии онлайн якбора баъди аз ҷониби менеҷер қабул кардани хабарнома амалӣ карда мешавад. Зеринро нишон диҳед:

  • шумораи нафарон,
  • фурудгоҳи омад,
  • вазни тахминии бағоҷ,
  • санаи сафар, санаи бозгашт,
  • вақти қулайи парвози рейсҳо ба ҳарду тараф,
  • хоҳишҳои индивидуалӣ,
  • тамосҳо.

Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо ба алоқа мебарояд, то ки тафсилотҳоро мувофиқат кунад ва дар бораи нархи рейс маълумот диҳад. Ба шумо навъҳои гуногуни ҳавопаймоҳои истеҳсолкунандагони пешсафи авиатсионӣ, минҷумла: Bombardier, Gulfstream, Embraer, Cessna,  Dassault Aviation, Sukhoi Superjet, Pilatus, Beechcraft пешкаш карда мешаванд, – пас бароятон варианти муносиббударо интихоб намудан ва хизматрасонии зарурии мушоиаткунандаро номбар кардан боқӣ мемонад.

Сервиси мушоиаткунанда

AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозро аз ибтидо то интиҳо ташкил менамояд:

  • барои рейс иҷозат мегирем,
  • ба фурудгоҳи Внуково такси пешниҳод мекунем (тибқи хоҳишҳои мизоҷ – дараҷаи тиҷоратӣ, лимузин, автомобили зиреҳпӯш),
  • пешвоз мегирем ва гусел мекунем, бағоҷро мекашонему бурда мерасонем,
  • муддати дақиқаҳои башумор гузаштани расмиятҳо ва назорати гумрукиро дар фурудгоҳ кӯмак мерасонем,
  • ҳамаи ҳуҷатҳои лозимиро: шиносномаҳо, раводидҳо, суғуртави тиббӣ, маълумотномаҳо барои ҳайвонот тартиб медиҳем,
  • хӯрокро дар канор ташкил мекунем (таомнома аз тарабхона пешакӣ мувофиқат карда мешавад),
  • вақтхушӣ, чорабиниҳои тиҷоратӣ ё идро ҳангоми парвоз ташкил мекунем,
  • трансферро дар нуқтаи омад таъмин менамоем (автомобил, чархбол),
  • хизматрасонии консержро дар шаҳри зарурии ҷаҳон пешкаш мекунем.

Сабабҳои интихоби фурудгоҳи Внуково

Рейси индивидуалиеро, ки нуқтаи фиристи он фурудгоҳи Внуково мешавад, сомонаи расмии бандари ҳавоӣ инъикос намекунад. Ин далел маҳфиятдории пурраро ба сайёҳон кафолат медиҳад, ки махсусан барои мусофирони VIP аҳамияти ҷиддиро дорад. Ҳавопаймоҳои хусусӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ мутеънабуда, дар хатсайри муқаррарнамудаи мизоҷ, бидуни бурофуроӣ, дар вақте барои фармоишгар қулай парвоз мекунанд.

Агар фурудгоҳи Внуково-ро дар харитаи шаҳри Москва пайдо намоед, ба осонӣ мушоҳида карда метавонед, ки он фақат даҳ километр дур аз ШАДМ (МКАД) ҷойгир шудааст. Дастрасии нақлиётӣ – боз як сабаби интихоби бандари ҳавопаймоӣ ба сифати нуқтаи фирист маҳсуб меёбад.

Агар фурудгоҳи Внуково-ро ба таври муфассал аз назар гузаронед, нақши бандар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарду терминали тиҷоратӣ нисбат ба асосиаш алоҳида ҷойгир шудаанд. Онҳо инфросохтори инкишофёфтаро доранд ва лавозимотҳои заруриро барои мусофирони VIP пешниҳод мекунанд. Дар ин ҷо мағозаҳои хоси савдои бебоҷ, қаҳвахона, утоқҳо барои гузаронидани мулоқотҳо, толорҳои бароҳати интизоршавӣ ва бисёри дигар қарор доранд. Пеш аз парвоз дар шароити орому беовоз истироҳат карда, қаҳваро нӯшида, корро давом дода ё бо ҳамкорон сӯҳбат дошта метавонед.

Афзалиятҳои ҳамкорӣ бо AVIAV TM (Cofrance SARL)

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷараёни иҷораи ҳавопайморо ниҳоят осон мегардонад, махсусан агар шумо фурудгоҳи Внуково-ро интихоб намоед. Бронкунӣ на зиёда аз 1 дақиқа тӯл мекашад ва барои бастани шартнома, мувофиқат кардани тафсилотҳо ва пардохтани хизматрасонӣ ҳамагӣ 15 дақиқа зарур мебошад. Ҳама ҳуҷҷатҳо ба таври онлайн тартиб дода мешаванд, ба мизоҷ акси нишеман, тасвири ҳавопаймо, «синну соли» он ва як чанд навъҳои гуногун барои интихоб ирсол карда мешаванд. Пас аз ин мусофирон ба саёҳат тайёр шуда метавонанд – ташкили пурраи онро мутахассисони «Кофранс» ба ӯҳда мегиранд.

Афзалияти кори AVIAV TM (Cofrance SARL) таъмини бехатарӣ ба ҳисоб меравад.Ширкат аъзои ташкилотҳои зерини байналмилалӣ боқӣ мемонад:

— Wyvern Ltd. – пешсафи байналмилалии бехатарии парвозҳо,

— ARGUS International – ширкати бузургтарини аудити авиатсионӣ,

— Avinode – шабакаи асосиии чартерӣ,

— EBAA и NBAA  – ассотсиатсияҳои байналмилалии тиҷоратии авиатсионӣ.

Киштиҳои ҳавоӣ пеш аз ҳар як парвоз мавриди санҷиши бисёрқабата қарор мегиранд. Барои идораи киштӣ фақат сарнишинони – лочине, ки аттестатсияи байналмилалӣ ва таҷрибаи калони корро доранд, иҷозат дода мешаванд. Ҳамаи гӯшаю канори фурудгоҳ бо камераҳои назоратӣ таҷҳизонида шудаанд, ки тавассути ин системаи мушоҳидавӣ назорати доимӣ ба роҳ монда шудааст. Хадамоти бехатарӣ дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор дорад. Бо хоҳиши мизоҷ AVIAV TM (Cofrance SARL) муҳофизони шахсиро пешкаш менамояд, ки онҳо мусофиронро зимни рейс мушоиат менамоянд.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) дар бозори авиатсияи тиҷоратӣ 11 сол боз кору фаъолият дорад ва дар соли 2018 пешсафи рейсҳои тиҷоратӣ дар Аврупо эътироф гаштаст. Мо бо бандарҳои маъруфи ҳавоии ҷаҳон ҳамкорӣ дорем ва байни онҳо фурудгоҳи Внуково мавқеъи муҳимро ишғол менамояд. Москва ва сокинони он мавриди суръати шиддатнокии ҳаёти муосир қарор доранд ва ба чунин ҳолат хизматрасонии парвозҳои хусусӣ беҳтарин муносиб аст. Ҳавопаймои хусусӣ имконият медиҳад, ки дар вақти муқарраргардида, дар ҷои зарурӣ ва дар ҳолати олиҷаноб ҳозир шавед.

Додани саволҳоро изо накашед!

Маслиҳати ройгон

Додани ҳар саволҳоро изо накашед!
Шакли зеринро пур кунед ва яке аз кормандони

хайрхоҳонаи мо бо Шумо тамос мекунад.

Мо бо мақсади кӯмакрасонӣ дар ин ҷо қарор дорем!

Дар бораи мо

Хабарҳои охирин

Аз ахборот ва маколаҳои охирини AVIAV TM (COFRANCE SARL) бехабар намонед